Аввалин садамаи нақлиётӣ.Садамаҳои нақлиёти бо суръати 20км/соат: садамаҳои солҳо 1930

Ба ақидаи шумо миқдори садамаҳо ва ҳолати роҳҳо дар солҳои 1930 чи гуна буд? Чи тавр бехатарии ҳаракати нақлиётҳо танзим карда мешуд? Ва миқдори ҳалокшудагон дар садамаҳои нақлиёти дар он замон ва ҳозир. Аввалин садамаи нақлиётӣ дар ҷаҳон, санаи 17 августи соли 1896 дар шаҳри Лондон ба амал омад. Марди ҷавон бо номи Артур, роҳгузар бо номи Бриджит Дрисколл -ро бо суръати 8 мил дар соат (тақрибан 13км/соат) зер кард. Дар натиҷа роҳгузар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Садамаҳои солҳо 1930 аз садамаҳои ҳоли ҳозир кам фарқ мекарданд. Мумкин Шумо фикр кунед, ки дар он вақт осонтар ва оқибати сабуктар дошт, вале ин тавр нест. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки садамаҳо дар солҳои 1930- асри гузашта ҳатто нисбати ҳоли ҳозир зиёдтар рух дода ва касони зиёдро аз ҳаёт маҳрум карда буданд. Бо назардошти он, ки аломатҳои таъминкунандаи бехатарӣ дар роҳ нисбати ҳозир бад буд, хулоса баровардан мумкин аст, ки рондани автомобил дар он вақт машғулияти хат...