10 ФАКТ ДАР БОРАИ ХОРПУШТАКҲО
Дар тахаюли одамон хорпуштҳо ҳайвоноти меҳрубони хордореанд, ки себҳо ва занбуруғҳоро дар пушти худ ба лонаи худ мебаранд. Аммо хорпушт - дарандае мебошад, ки ҳама чизи ёфтаашро мехӯрад.
1. Хорҳои хорпушт дар 3сол 1 маротиба иваз мешаванд. Миқдори умумии онҳо наздики 10ҳазор аст. Дар хорпуштҳо ивазшавии хорҳо мунтазам давом дорад.
2. Хорпуштҳо нисбати дигар ҳайвонҳо аз газидани канаҳо бисёртар азият мекашанд. Азбаски шиками ин ҳайвонот бо сузанҳо пушида нашудааст, ва шиками онҳо ҳангоми дар болои алаф рафтан ба сӯи поён аст, канаҳо имконияти часпиш бо онҳоро пайдо мекунанд. Ва боз аз сабаби оне, ки хорҳо дар пушти онҳо аст, онҳо наметавонанд мустақилона аз канаҳо озод шаванд. Вале онҳо роҳи мубориза бо канаҳоро пайдо кардаанд. Тамоку! чихеле, ки малум аст канаҳоро метарсонад. Барои ҳамин хорпуштҳо ин буттаҳоро ёфта дар пушти худ мегузоранд.
3. Хорпуштҳо 128 руз дар сол хоб мераванд. Дар вақте, ки ин ҳайвон хоб аст ҳарорати баданаш то 2-3ºС паст мешавад, ки дар ҳолати оддӣ ҳарорати бадани онҳо 34ºС аст. Боз ҳаноми хоб нафаскашии онҳо суст мешавад. Онҳо дар як дақиқа танҳо 8 маротиба нафас мегиранд, ки дар ҳолати оддӣ миқдори нафаскашии онҳо 40-50 маротиба аст. Баъди аз хоб бедор шудан хорпушт эҳсоси сахти гуруснагӣ дорад ва аввалин коре, ки мекунад ин ҷустуҷуи хурок аст.
4. Оё шумо медонистед, ки хорпуштҳо дум доранд? Аз сабаби дароз будани хорҳо думи онҳо ноаён аст. Дарозии думи он то 3 см мешавад.
5. Хорпуштҳои гӯшдароз нисбати дигар намудҳои худ суръати баландтар дорад. Дар бисёр маврид барои ҳимояи худ ин хорпушт кушиш мекунад, ки аз ҷой ҷаҳида бо хорҳои худ нуқтаи ҳассоҳи муҳоҷимро нишон гирад.
6. Масъунияти хорпуштон монанди дигар ҷонварони ваҳшӣ ба заҳр мутобиқ аст. Онҳо бо ин хусусият ба ягон хазанда шавқ надоранд ва онҳоро низ шикор намекунанд. Вале агар хорпушт бо ягон мор (гадюка) рӯ бу рӯ шавад онро шикор мекунад. Боз ба хорпуштон дигар намудҳои дигари заҳр таъсир намекунад. (мышьяк, сулема, цианистый калий)
7. Аз ҳама афсонаи машҳур - ин афсона дар бораи он аст, ки хорпуштҳо себҳо ва занбуруғҳоро дар пушти худ бо хорҳои худ барои захира барои зимистон мебаранд. Хорпуштҳо ҳашаротҳо ва кирмҳоро мехӯранд. Ба рости онҳо себҳо ва дигар буттамеваҳоро низ хӯрда метавонанд, вале онҳоро дар пушти худ гирифта ва бурда наметавонанд. Барои он ки онҳо табиатан тоб хӯрда наметавонанд.
8. Дар марги бештари хорпуштон тарабхонаҳои хуроки тез-таёр-мекардаи McDonolds- ро гунаҳкор медонанд. Ҳайвонот қуттиҳои яхмоси McFlurry- ро пайдо мекарданд ва аз сабаби он, ки андозаи даҳони қуттӣ барои дохил шудани сари хорпушт қуллай буд вале барои хориҷ кардани он не, дар он дар монда аз гуруснагӣ ҳалок мешуданд. Дар соли 2006 тарафдорони ҳайвонот тавонистанд аз McDonalds хурд кардани аздозаи даҳони қуттиҳоро талаб кунанд ва бо ин кор қисми зиёди хорпуштҳоро наҷот доданд.
9. Дар Рими қадим пусти хорпуштҳоро ҳамчун шона барои пашми чорво истифода мебурданд. Ин маҳсул он замон то ҳадде серфуруш буд, ки он тақаллуби низ мекарданд.
10. Хорпуштон хуб намебинанд. Вале ин бо ҳисси буёии ва шунавоии тез ҷӯброн карда шудааст.
Комментарии
Отправить комментарий