ҚАТРАҲОИ ОБИ ДАҲОН БО COVID-19 МЕТАВОНАНД 14 ДАҚИҚА ДАР ҲАВОИ МАҲДУД ИСТАНД
Ин маънои онро дорад, ки вирус метавонад дар фазои маҳдуд паҳн шавад.
Гуруҳи олимони Амрикоӣ муайян кардан, ки қатраҳо дар вақти дар ҳаво будан, ки интиқолдиҳандагони бенишошаанд, бисёртар ҳамчун омили интиқоли беморӣ эътироф мешаванд.
Менависад: Science Times
Тадқиқотро гуруҳи олимон аз Донишгоҳи Пенсилвония бо Институти миллии тандурустии ИМА бо истифода аз мушоҳидаҳои хеле ҳассоси нури лазерии поракунанда, барои визуалӣ кардани қатраҳои дар давоми такрори калимаҳои иштироккунандагон ба вуҷудомада, муайян карданд. Барои таҳқиқот яке аз олимон дар давоми 25 сония дар қутии бо баландии 60см калимаи "Stay healthy" , ки аз англисӣ "Саломат бошед" тарҷума мешавад, такрор кард.
Онҳо муайян карданд, ки ҳазорҳо қатраҳои аз гапзании баланд ба вуҷуд омада метавонанд дар ҳаво аз 8 дақиқа то 14 дақиқа истанд. Онҳо аз ин таҳқиқот хулоса баровардад, ки вирус метавонад дар ҳавои маҳдуд паҳн гардад. Ба эҳтимолияти паҳншавии вирус андозаи қатраҳо низ таъсир мерасонанд.
Марказҳои пешгирӣ аз беморӣ қайд карданд, ки ин қатраҳо метавонанд ба даҳон ва бинӣ ва ҳатто ба шушҳои касоне, ки дар наздикӣ қарор доранд, афтанд. Ин маънои онро дорад, ки эҳтимоли паҳншавӣ камтар мешавад, агар одам дар маҳдудияти 180см қарор надошта бошад.
Комментарии
Отправить комментарий