Кӯдакони доно дар кадом моҳ тавалуд мешаванд - тадқиқоти олимон

Ситорашиносон хеле пештар ба хулосае омаданд, ки дар моҳҳои муайян кӯдакони аз ҳама доно тавалуд мешаванд. Ин суолро олимоне таҳқиқ карданд, ки баъдан ин фактро тасдиқ намуданд.



Вақте, ки ситорашиносон аломати муайни ситораҳо нишон медиҳанд, онҳо онро таҳлил мекунанд. Касоне, ки ба ин намуди таҳлил боварӣ надорад ин фактро бо нобоварӣ нигоҳ мекунад. Ба ин таҳқиқот олимон аз Торонто, Флорида, ва Иллинойс шуруъ карданд.

Тадқиқоти олимон
Маълумотҳо дар бораи тавоноиҳои кӯдакон тавасути натиҷаи азхудкунии барнома аз тарафи иштироккунандагон гирифта шудааст. Дар тадқиқот беш аз 1миллион кӯдакони ихтиёрманд иштирок карданд, ки сину соли онҳо аз 6 то 15 сол буд ва онҳоро ба синфҳо тақсим карданд.


Дар натиҷа моҳҳо фарқ мекарданд. Кӯдакони аз ҳама доно дар моҳи "Сентябр" тавалуд мешаванд. Холҳои миёнаи касоне, ки дар ин моҳ тавалуд шудаанд аз холҳои миёна касоне, ки дар дигар моҳҳо тавалуд шудаанд баландтар буд.

Олимон ба хулосае омаданд, ки бе ягон шубҳа қобилияти таълимии кӯдакони дар моҳи сентябр тавалудшуда калон аст. Ба гуфти тадқиқотчиён сабаби ин "падида" дар он аст, ки кӯдакони дар моҳи сентябр тавалудшуда, 1 сол аз ҳамсинфони худ калонтаранд, аст.

Вале таърих гувоҳ аст, ки бисёр олимон дар моҳҳои гуногуни сол тавалуд шудаанд!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дар қисми ҷанубу ғарбии Чин якбора панҷ намуди қурбоққаҳоро ошкор карданд

6 намуди яроқҳои хатарноктарини манъшуда