Минтақаҳои аз ҳама даҳшатноктарин дар сайёра


Аокигахара ҷангали худкушӣ. Манзараи даҳшатнок дар Ҷопон. Ин макони пурасрор худкушҳоро ба худ ҷалб мекунад. Ҳар сол дар он тақрибан 100 ҷасад пайдо мешавад! Сокинон боварӣ доранд, ки дар ин ҷо бисёр рӯҳҳои бад ва арвоҳи шарур ҳастанд.





Ҷазираи Гункандзима, Ҷопон. Замоне ин ҷазира аз ангишт бой буд. Ӯро Ҷазираи Шахтагӣ низ меномиданд. Аммо пас аз истихроҷи ангишт ҳама сокинон онро тарк карданд. Ҳоло ин як ҷазираи партофташуда ва тарснок аст, ки сайёҳони шадидро ҷалб мекунад.




Ҷазираи лӯхтак, Мексика. Ин ҷазира яке аз ҷойҳои даҳшатнок дар сайёра аст! Сокинони он лӯхтакҳое мебошанд, ки ба дарахтон овезон карда шудаанд. Тибқи ривоят, Ҷулиан Сантана Барреро дар ин ҷазира зиндагӣ мекард. Боре ӯ шоҳиди он буд, ки духтарак ғарқ шуд, мутаассифона вай натавонист ӯро наҷот диҳад. Дар назди кӯл танҳо як лӯхтаки он духтарак боқӣ монд, ки вай оқибат онро ба дарахт барои хотираи духтарак овезон кард. Барои рӯҳи мурдагонро ором кардан, ӯ лӯхтакҳои кӯҳнаро аз ҳама ҷо ҷамъ карда, ба онҳо овезон кард. 



Тобутҳои овезон аз Сагада. Ин ҷои пурасрор дар Филиппин аст. Аҳолии маҳаллӣ дар ин ҷо муддатҳои дароз дар "тобутҳои овезон" дафн карда шудаанд. Гумон меравад, ки ҳар қадар ҷасад баландтар дафн карда шавад, ҳамон қадар ҷони ӯ ба Худо наздиктар аст.
Умуман, ин қабртарин ва аҷибтарин қабристон дар ҷаҳон аст!



Қабристони Чаучилла. Ин макон бо гурондани ғайриоддӣ машҳур аст. Чоҳҳои кандашуда бо сангҳо ҷудо кардашуда, в дар дарун мурдаҳо. Бо сабаби он,ки онҳо матоъҳоро бо қатрон (резин) тар мекарданд, боқимондаҳои мурдаҳо хуб то ин давр мондаанд. Қабристон таърихи беш аз 1 000 сола дорад.





Колесои Иржӣ. Ин яке аз тарсноктарин колесоҳо ба шумор меравад. Замоне боми ин колесо фурӯ рехт ва маблағ барои таъмири он набуд. Ва як рассоми маҳаллӣ хаёлоти худро нишон дода онро ба объекти эҷодӣ табдил дод. Дар ҷойҳои нишаст муҷассамаҳои тарснок бо болопӯши сафед нишастаанд. Онҳо якбора метарсонанд ва ҳам диқатро ба худ ҷалб мекунанд.




Ботлоқи Манчак. Ҷои ғамгин ва пурасрор. Тибқи ривоят, дар ин ҷой ҷодугаре бо номи Вуду-ро дар гулхан сӯзонданд, ки вай ботлоқҳоро лаънат кардааст. Аз ҳамон лаҳза, дар ин ҷой чизҳои аҷиб рух медиҳад. Барои онҳое, ки асабро хорондан мехоҳанд, дар ин ҷо сафарҳои шабона ташкил карда мешаванд.



Капеллаи (соати калони деворӣ) устухонҳо дар Португалия. Деворҳои ин калисо бо устухонҳои инсон оро дода шудаанд. Бо сабаби "декор" -и ғайриоддии он, вай дар тамоми ҷаҳон машҳур гашт. Он вақт қабрҳо пур буданд ва мардум роҳи дигари дафнро пайдо карданд. Онҳо аз устухонҳои сарбозон, роҳибон ва одамоне, ки аз беморӣ мурдаанд, барои оро додан истифода карданд.



Кӯҳи Салибҳо, Литва. Ин кӯҳ муқаддас ҳисобида мешуд, то замоне, ки дар он ҷо калисо вуҷуд дошт. Аммо пас аз тундбод нобуд шуд. Барои муваффақ шудан дар ҳаёт, одамон салибҳоро дар ин ҷо гузоштаанд. Теппа ба зудӣ бо салиб пур шуд, зеро онҳо мегӯянд, ки ин ҷой метавонад ҳама гуна бемориҳоро табобат кунад.



Карьери алмос "Мир" дар Якутия. Калонтарин ва пурасрортарин карьере, ки инсон офаридааст. Андозаи ин кони алмос аҷиб аст! Ин ҷой инчунин хатарнок аст ва ба болои он парвоз кардан ғайриимкон аст, зеро ҳатто чархболҳоро  ҷараёни шамоли сахт ба худ мекашад.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дар қисми ҷанубу ғарбии Чин якбора панҷ намуди қурбоққаҳоро ошкор карданд

6 намуди яроқҳои хатарноктарини манъшуда

Кӯдакони доно дар кадом моҳ тавалуд мешаванд - тадқиқоти олимон